Новости Министерства



Баргузории ҷаласаи навбатии Гурӯҳи корӣ оид ба муаррифӣ ва баррасии дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар соли 2023 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2024-2025 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

 

6 апрели соли 2022 тибқи талаботи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2021, №73-ф ва фармоиши Вазорати рушди иқтисод ва савдо аз 26 октябри соли 2021, №77 дар вазорат муаррифии дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Шаҳринав, Варзоб, Рашт, Тоҷикобод, Лахш ва Нуробод дар соли 2023 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2024-2025 баргузор гардид.

Нахуст муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Восидиён Фарҳод Саъдулло баромад намуда, қайд намуд, ки ҷаласаи мазкур ҷиҳати иҷрои сифатноки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо, истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда, ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва дар маҷмӯъ таъмини устувории макроиқтисодӣ дар кишвар мебошад.

 Аз ҷониби Восидиён Ф. С. ба намояндагони шаҳру ноҳияҳои қайдгардида тавсия дода шуд, ки ҳангоми таҳияи дурнамо барои соли 2023 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2024-2025 ба иҷрои дастуру супоришҳои муҳтарам Пешвои муаззами миллат, ки ҳангоми сафарҳояшон ба минтақаҳои ҷумҳурӣ баён намудаанд, инчунин муқаррароти Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Барномаи давлатии рушди содирот барои солҳои 2021-2025, Барномаи давлатии сармоягузориҳо барои солҳои 2021-2025, барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо ва дигар барномаҳои соҳавию минтақавӣ диққати аввалиндараҷа диҳанд.

Дар рафти ҷаласа аз ҷониби Муовини якуми Раиси ноҳияи Шаҳринав – Исроилзода Д., Муовини Раиси шаҳри Турсунзода – Собирзода Ғ., Муовини Раиси шаҳри Ҳисор – Азимӣ Ҳ., Муовини Раиси ноҳияи Варзоб – Нозимзода Б., Муовини якуми Раиси ноҳияи Тоҷикобод – Рамазонзода З., Муовини Раиси ноҳияи Лахш – Асомидинзода А., намояндаҳои ноҳияҳои Рашт ва Нуробод дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2023 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2024-2025 муаррифӣ карда шуд.

Баъд аз муаррифӣ нишондиҳандаҳои пешниҳодгардида мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз натиҷаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Мувофиқи нақшаи тасдиқгардида рӯзи 8 апрели соли 2022 муаррифии дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд ва ноҳияи Рӯдакӣ пешбинӣ гардидааст.

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное