Новости Министерства



Маҷлиси Кумитаи роҳбарикунанда ҷиҳати баррасии Барномаи кишварии ЮНИСЕФ барои солҳои 2023-2026

.

7 апрели соли 2022 таҳти раёсати муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Ашурбой Солеҳзода ва Роҳбари намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Осама Маккавӣ дар толори Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласа баргузор гардид.

 

Зимни ҷаласа лоиҳаи Барномаи кишварии ЮНИСЕФ барои солҳои 2023-2026 муаррифӣ карда шуда, нақшаҳои минбаъда ҷиҳати мувофиқа ва баимзорасонӣ муайян карда шуданд. Қайд гардид, ки лоиҳаи Барномаи мазкур дар доираи вазорату идораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими кишвар баррасӣ гардида, афзалиятҳои он бо афзалиятҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ карда шудаанд.

Барномаи кишварӣ бо Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамӯҳлати рушд барои солҳои 2021-2025, инчунин бо Созишномаи Чаҳорчӯбаи СММ барои солҳои 2023-2026 ҳамоҳанг карда шудааст. Барнома ба амалисозӣ оид ба татбиқи Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак, Конвенсия оид ба барҳам додани ҳама шаклҳои табъиз нисбати занон ва Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон, ҳамзамон дастгирии ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор мусоидат хоҳад кард.