Новости Министерства



Баргузории ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба муаррифӣ ва баррасии дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар соли 2023 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2024-2025 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо

.

13 апрели соли 2022 дар доираи талаботи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2021, №73-ф ва нақшаи баргузории рӯнамоҳо, ки бо фармоиши Вазорати рушди иқтисод ва савдо аз 26 октябри соли 2021, №77 ба тасвиб расидааст, дар вазорат бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилояти Суғд, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Сангвор муаррифии дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мазкур дар соли 2023 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2024-2025 баргузор гардид.

Ҷаласаро муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Восидиён Фарҳод Саъдулло оғоз бахшида, баён намуд, ки мақсад аз баргузории ҷаласа иҷрои сифатноки муқаррароти фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2021, №73-ф, инчунин дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дарёфти манбаъҳои нави рушд, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, таъмини амнияти озӯқаворӣ, истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда, ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва фаъол гардонидани иқтидорҳои амалкунанда ва дар маҷмӯъ таъмини рушди иқтисоди кишвар мебошад.

Ҳамзамон қайд гардид, ки ҳангоми таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2023 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2024-2025 ба муқаррароти Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Барномаи давлатии рушди содирот барои солҳои 2021-2025, Барномаи давлатии сармоягузориҳо барои солҳои 2021-2025, барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо ва дигар барномаҳои соҳавию минтақавӣ диққати аввалиндараҷа диҳанд.

Дар ин раванд аз ҷониби Муовини Раиси ВМКБ – Иматшозода А., Муовини якуми Раиси ноҳияи Сангвор – Саторбекзода У., Муовини Раиси ноҳияи Рӯдакӣ – Суфиев Х., намояндаҳои вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2023 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2024-2025 муаррифӣ карда шуд.

Баъд аз муаррифӣ нишондиҳандаҳои пешниҳодгардида мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз натиҷаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардид.