Новости Министерства



Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар арафаи ҷашни – Иди Саиди Фитр ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод кӯмаки моддӣ дастрас намуд

.

Ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати эҳсонкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи таҷлили ҷашни бузурги – Иди Саиди Фитр аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба Мактаб - интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод кӯмакҳои моддӣ дар намуди 10 халта орд, 100 литр равған, 100кг биринҷ, 100кг макарон, 100кг шакар, 50кг шоколад, 50кг кӯлчақанд расонида шуд.

 

Табрикоти роҳбарияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Иди Саиди Фитр ба тамоми таълимгирандагони Мактаб - интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод расонида шуда, қайд гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ятимону маъюбонро дастгирӣ ва ғамхорӣ намуда, тамоми шароитро барои онҳо муҳаё намуда истодааст.

Дар заминаи дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат таълимгирандагонро зарур аст, ки бо баҳо ва одоби намунавӣ таҳсил ва тарбия гирифта, ба Тоҷикистони азизу маҳбуб софдилона хизмат намоянд.