Густариш додани ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон
26 майи соли 2022 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Муовини якуми Вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Қудратов Лазиз Шавкатович баргузор гардид, ки дар доираи он тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Завқизода З. А. қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи раҳбарони ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон мӯҳтарам Шавкат Мирзиёев, муносибатҳои ду кишвар муносибатҳо ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.
Дар натиҷаи иҷрои дастуру супоришҳои сарони ҳар ду давлат ва таваҷҷуҳи хосаи онҳо ба тақвияти муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба гардиши савдои хориҷӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар 6 соли охир 37 баробар афзоиш ёфтааст. Дар чор моҳи соли 2022 бошад ин рақам ба 173,6 миллион доллар расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 40,5 миллион доллар ё 30,4 фоиз зиёд мебошад.
Дар рафти вохӯрӣ, ки дар фазои кушод, дӯстона ва созанда баргузор гардид, ҷонибҳо мувофиқасозии сохтори лоиҳаи Протоколи ҷаласаи 9-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, иҷрои протоколи қаблӣ ва ҷараёни корҳои омодагӣ ба ҷаласаи навбатиро баррасӣ намуданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин дар вохӯрӣ масъалаҳои ҷалби бештари сармоя ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сармоягузорӣ, саноат, энергетика, нақлиёт ва кишоварзиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба бо истифода аз имкониятҳои зиёди мавҷуда баён намуданд.