Новости Министерства



Хониши дастаҷамъонаи шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» байни кормандони дастгоҳи марказии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

27 майи соли 2022 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Восидиён Фарҳод Саъдулло, Дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шарипов Шомаҳмад, сардорони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони вазорат хониши дастаҷамъонаи асари бунёдии академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон», ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ ба ҳар як оилаи тоҷик тариқи ройгон тақдим гардид, сурат гирифт.

Ҷаласаро Восидиён Ф. С. оғоз намуда, иброз доштанд, ки мутолиаи китоби «Тоҷикон» барои баланд бардоштани рӯҳияи хештаншиносии наврасону ҷавонон, ҳуввият ва асолати миллӣ ва пос доштани анъанаҳои неки ниёгон нақши муҳим мебозад.

Қайд гардид, ки яке аз роҳҳои баланд бардоштани худшиносӣ ва асолати миллӣ ин пеш аз хама омухтани осори гузаштагон мебошад. Яъне эҳёи худшиносӣ бе тафаккури таърихӣ ғайриимкон аст.

Бинобар ин моро лозим аст, ки дар заминаи мутолиаи китоби Тоҷикон аз сабақҳои таърихӣ ибрат гирем ва барои сохтани ояндаи дурахшони хеш, инчунин мерос гузоштан ба дастовардҳои миллӣ замина гузорем.

Дар идомаи хониш Дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шарипов Шомаҳмад ба ҳозирин аз таърихи дирузу имрӯзи халқи тоҷик васф карда, аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки дар мутолиаи ин асари гаронбаҳо пешсафиро ихтиёр намоянд.

Дар охири ҷамъомад Восидиён Ф. С. қайд намуд, ки мардуми тоҷик аз қадимулайём китобдор, китобдӯст ва фарҳанги баланди мутолиаи китобро доштанд. Аз ин рӯ мо низ бояд дар мутолиаи ин асари безавол фаъол бошем ва онро дар оилаи худ тавсиф кунем, то ки фарзандонамон аз таърихи гузаштагони мо огоҳӣ пайдо карда, дар руҳияи хештаншиносӣ ба воя расанд.