Новости Министерства



Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба гузаронидани таҳлил ва баҳодиҳии ҷараёни иҷрои барномаҳои соҳавӣ ва минтақавӣ дар соли 2022

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

31 майи соли 2022 ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба гузаронидани таҳлил ва баҳодиҳии ҷараёни иҷрои барномаҳои соҳавӣ ва минтақавӣ дар соли 2022 бо роҳбарии Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид-Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо (роҳбари Гурӯҳи корӣ) баргузор гардид. Дар маҷлис тибқи нақша се барнома мавриди баррасӣ қарор дода шуд, аз ҷумла

 

- «Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2019-2022»;

- «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2022»;

- «Консепсияи ислоҳоти хоҷагии манзилию коммуналӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2025».

Оид ба рафти иҷрои барномаҳои мазкур Абдусаматзода Зулфия Маҳмадкарим-Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳимзода Шабнам Карим -Муовини якуми раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷабборзода Хуршед Бурӣ -муовини Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» мушкилиҳоро манзур намуданд, ки доир ба иҷрои онҳо аъзои Гурӯҳи корӣ фикру мулоҳиза ва пешниҳодҳои худро баён намудан.

Тибқи Нақшаи кории Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба гузаронидани таҳлил ва баҳодиҳии барномаҳои рушди соҳавию минтақавӣ дар соли 2022 ҷараёни иҷрои 27 барномаи соҳавӣ ва минтақавӣ ба нақша гирифта шудааст.

Тибқи нақша то имрӯз бо иштироки аъзои Гурӯҳи кории байниидоравӣ муҳокимаи натиҷаи ҷараёни татбиқи 7 барномаи соҳавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз натиҷаи амалишавии онҳо гузоришҳои дахлдор ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешавад.

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное