Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Роҳбари Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо
1 июни соли 2022 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо, мудири кишварии Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд (БИР) аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи БИР Завқизода Завқӣ Амин бо Роҳбари Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо (ITFC) Ҳани Салем Сонбол баргузор гардид.
Завқизода З. А. ба ҷониби Корпоратсияи Исломии Маблағгузории Савдо нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии кишвар, аз ҷумла савдои хориҷӣ ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллиро, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2022, №116 қабул гардидааст, муаррифӣ намуда, қайд кард, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳо бо шарикони рушд, ба хусус бо Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд барои таъмини рушди иқтисоди миллӣ муҳим арзёбӣ мегардад.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи мазкур, ҳолати татбиқшавии лоиҳаҳои амаликунандаи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби маблағҳои имтиёзнок вобаста ба таъсири омилҳои берунӣ, лоиҳаҳои нави афзалиятнок дар асоси ҳадафҳои рушди кишвар ва дурнамои ҳамкориҳои миёнамуҳлат мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар робита ба ин Завқизода З. А. аз Роҳбари Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо дархост намуд, ки маблағгузорӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ вобаста ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон бо сабаби ҷорӣ намудани таҳримҳои кишварҳои ғарб нисбати баъзе шарикони тиҷоратии кишвар, инчунин ноил гардидан ба ҳадафу афзалиятҳои стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ, рушди иқтисоди сабз, иқтисоди рақамӣ, савдои электронӣ ва бонкдории исломӣ, саноатикунонӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва тақвияти иқтидори содиротӣ зиёд карда шавад.
Дар навбати худ Роҳбари Корпоратсияи ҷаноби Ҳани Салем Сонбол омодагии худро барои татбиқи лоиҳаҳо дар самтҳои қайдгардида, инчунин тақвияти ҳамкориҳои минбаъда баён намуд.
Қайд бояд кард, ки то имрӯз аз ҷониби Корпоратсияи байналмилалӣ лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба маблағи 164 млн. доллар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ шуда, айни замон 3 лоиҳа ба маблағи 24 млн. доллар амалӣ мегардад.