Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Директори минтақавии Бонки Исломии Рушд дар Осиёи Марказӣ
2 июни соли 2022 дар доираи ҷаласаи солонаи Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд (БИР) вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо, мудири кишварии Гурӯҳи БИР аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Директори минтақавии БИР дар Осиёи Марказӣ Иброҳим Шукрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои гуногуни ҳамкориҳои самарабахш байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурӯҳи БИР, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва инфрасохтор, кишоварзӣ, савдои хориҷӣ, бахши хусусӣ, маориф ва иҷрои лоиҳаҳои амалишавандаи БИР дар Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Вазири рушди иқтисод ва савдо дархост намуд, ки маблағгузории Гурӯҳи БИР-ро ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ зиёд намоянд, ки хуш пазируфта шуд.
Илова бар ин аз намояндаи минтақавии БИР дархост гардид, ки ҷиҳати роҳ надодан ба кашолаёбии татбиқи лоиҳаҳои БИР дар Тоҷикистон ва тақвият додани раванди иҷрои лоиҳаҳои амалкунанда тадбирҳои зарурӣ рӯи кор оварда шаванд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба баён намуданд.