Новости Министерства



Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Роҳбари Корпоратсияи Исломӣ оид ба Рушди Бахши Хусусӣ

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

3 июни соли 2022 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо, мудири кишварии Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд (БИР) аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин дар доираи ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи БИР бо Роҳбари Корпоратсияи Исломӣ оид ба рушди бахши хусусӣ (ICD) Айман Сежини баргузор гардид.

 

Дар рафти вохӯрӣ тарафҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи мазкур, ҳолати татбиқшавии лоиҳаҳои амаликунандаи он ва пешниҳоди дастгириҳои молиявӣ барои рушди бахши хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷониби Тоҷикистон қайд кард, ки ҳарчанд аз ҷониби Корпоратсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъзе лоиҳаҳо татбиқ мегарданд, онҳо бо назардошти иқтидори зиёди мавҷудаи бахши хусусӣ дар кишвар қонеъкунанда нестанд. Бинобар ин Завқизода З. А. аз роҳбари Корпоратсияи мазкур дархост намуд, ки маблағгузориро барои лоиҳаҳои афзалиятноки кишвар, аз ҷумла таъсиси маркази логистикӣ бо мақсади банду баст ва содироти маҳсулоти кишоварзии аз лиҳози экологӣ тозаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди иқтисоди сабз, бахусус сохтмони иқтидорҳои нави энергетикӣ, таъсиси паркҳои технологӣ ва савдои электронӣ, саноатикунонӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва тақвияти иқтидори содиротӣ ба таври назаррас зиёд намояд.

Дар навбати худ Роҳбари Корпоратсия ҷаноби Айман Сежини омодагии хешро барои татбиқи лоиҳаҳо дар самтҳои қайдгардида ва тақвияти ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд.

Ҳамзамон қайд гардид, ки ҳайати босалоҳияти Корпоратсияи номбурда моҳи июни соли равон бо мақсади таҳияи лоиҳаҳои афзалиятноки рушди бахши хусусии кишвар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад.

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное