Новости Министерства



Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 12-уми вазирони Созмони Умумиҷаҳонии Савдо иштирок намуд

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Рӯзи 12 июни соли 2022 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин дар маросими ифтитоҳи Конфронси 12-уми вазирони кишварҳои аъзои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) дар шаҳри Женеваи Швейтсария иштирок намуд.

 

Завқизода З. А қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақвияти иқтидори содиротӣ, диверсификатсияи содирот ва содагардонии расмиёти савдоро самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Ҳукумати кишвар дар соҳаи савдо муайян намуданд.

Роҳбари ҳайат аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мизбонони Конфронс - ҳукуматҳои Конфедератсияи Швейтсария ва Ҷумҳурии Қазоқистон минатдорӣ баён карда, вобаста ба дастовардҳои ҷумҳурӣ дар давраи 9 соли узвият дар ин созмон, мавқеи кишвар вобаста ба масъалаҳои глобалии марбут ба савдо, бахусус паёмадҳои манфии буҳронҳои ҷаҳонии озуқаворӣ, энергетикӣ, тағйирёбии иқлим, таҳримҳо, низоъҳои тиҷоратӣ ва пешниҳоди кӯмаку дастгириҳо барои тадбирҳои зиддибуҳронии кишварҳои камдаромад суханронӣ намуд.

Аз ҷумла, дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар солҳои 2013-2021 Тоҷикистон ба пешрафтҳои назаррас ноил гардида, рушди миёнаи иқтисодиро 7 фоиз таъмин намуд ва шумораи шарикони тиҷоратиро то ба 110 кишвар афзоиш дод.

Кори Конфронси 12-уми вазирони СУС то 15 июн идома меёбад ва дар ҷамъбасти он вобаста ба масъалаҳои савдои глобалӣ, вокуниши СУС ба пандемия ва нақшаҳои зиддибуҳронии кишварҳо, ислоҳоти СУС, кишоварзӣ, хизматрасониҳо, тағйирёбии иқлим ва ғайра эъломияи вазирон қабул мешавад.

Дар назар аст, ки Конфронси 13-уми вазирони СУС дар шаҳри Абу-Забии Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор гардад.

Конфронси вазирони иқтисод ва савдо мақоми олии роҳбарикунандаи СУС ба ҳисоб рафта, дар он қарорҳои муҳими марбут ба савдои ҷаҳонӣ қабул карда мешаванд.

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное