Новости Министерства



Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо муовини директори департаменти Хазинаи Байналмилалии Асъор оид ба кишварҳои Шарқи наздик ва Осиёи Миёна ва мудири иҷроияи Хазинаи Байналмилалии Асъор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

21 июни соли 2022 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо муовини директори департаменти Хазинаи Байналмилалии Асъор оид ба кишварҳои Шарқи наздик ва Осиёи Миёна Субир Лалл ва роҳбари миссияи Хазинаи Байналмилалии Асъор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мэттю Гертнер баргузор гардид.

 

Завқизода З. А. ташрифи меҳмононро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба онҳо дар кору фаъолияти минбаъдаашон комёбӣ орзу намуд.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва тамоюлҳои ҷойдошта, тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар дар самти пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, инчунин масъалаи маблағгузории НБО Роғун ва муҳиммияти он барои ноил гардидан ба ҳадафҳои стретегии кишвар гуфтушунид намуданд.

Завқизода З. А. қайд намуд, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ситоди байниидоравӣ оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо таъсис дода шудааст.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ» бо пешбинӣ намудани 50 тадбирҳои зарурӣ қабул ва мавриди амал қарор дорад.

Вобаста ба ин аз намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор ҷиҳати дастгирии молиявӣ барои соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бахусус татбиқи Нақшаи чорабиниҳои мазкур ва Ҳадафҳои рушди устувор, инчунин расонидани кумаки техникӣ дар самти тақвияти низоми моделсозию дурнамосозии макроиқтисодӣ дархост карда шуд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои кам кардан ё пешгирӣ намудани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва нигоҳ доштани устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ баён доштанд.