Баргузории ҷамъомад вобаста ба муқовимат бо коррупсия дар Вазорати рушди иктисод ва савдо
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки роҳбарияти вазорат, намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия майори адлия - Акбарзода Нурмаҳмад ва кормандони дастгоҳи марказии вазорат машварат вобаста ба муқовимат бо коррупсия баргузор карда шуд.
Ҷамъомадро бо сухани ифтитоҳӣ Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки муқовимат ба коррупсия вазифаи ҳар як шаҳрванди мамлакат, бахусус хизматчиёни давлатӣ мебошад.
Дар идомаи ҷаласа Акбарзода Нурмаҳмад бо иштирокчиёни ҷамъомад суҳбат ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, аз рафти иҷрои Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ёдовар шуд. Дар интиҳои суҳбат музокирот оид ба масъала баргузор шуд.