Новости Министерства



Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии ҲХДТ “Иқтисодчӣ”

.

15-уми июли соли 2022 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин, муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Муродов Ҷӯрабек, иҷрокунандаи Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Ҷурахонзода Ҷумахон ва аъзои ҳизб ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии ҲХДТ «Иқтисодчӣ»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдо баргузор гардид. Ҷаласаи мазкур мутобиқи қарори маҷлиси Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе доир карда шуд.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии «Иқтисодчӣ» Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода З. А. оид ба ҷамъбасти фаъолият дар давоми як сол – аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 шунида шуд. Зикр карда шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ ташкилоти ибтидоии ҲХДТ «Иқтисодчӣ» фаъолияти худро дар асоси оиннома ва барномаи ҲХДТ ба роҳ монда, баҳри амалӣ гардидани ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон саъю талош варзид.

Дар идомаи ҷаласа тибқи рӯзнома масъалаи интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ барои давраи минбаъда муҳокима гардида, бо назардошти фаъолияти пурсамари сиёсиву ташкилӣ ва саҳм гузоштан дар татбиқи ҳадафҳои асосии ҳизб бо ҷонибдории кулли аъзои ҳизб Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ «Иқтисодчӣ» интихоб гардид.

Дар рафти ҷаласа, инчунин вазифаҳои навбатӣ барои фаъолияти минбаъда баррасӣ гардида, нақшаи кории ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ барои нимсолаи дуюми соли 2022 бо назардошти пешниҳоду таклифҳо тасдиқ карда шуд. Ҳамзамон, тариқи овоздиҳӣ аъзои раёсат аз зумраи фаъолони ҳизб ва вакилон барои иштирок дар Конференсияи 32-юми ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияи И. Сомонӣ интихоб гардиданд.

Ҳамзамон барои натиҷагирӣ ва ҷамъбасти Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии ҲХДТ «Иқтисодчӣ» муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Муродов Ҷӯрабек суханронӣ намуда, қайд кард ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби сулҳу ваҳдат, ҳизби пешрафт ва шукуфоии Тоҷикистони азизи мо буда, бо заҳмату талошҳои Сарвари муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими давлати ҳуқуқбунёду демокративу дунявӣ, ояндаи шукуфоии мамлакат, тарбияи насли ҷавон якояки мо бо ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ баҳри таъмини зиндагии шоиста ва таҳкими ҷойгоҳи сазовори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзандаи худро дошта бошем.

Ҳамин тариқ, аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Иқтисодчӣ» бо ҳамовозии якдилона изҳор доштанд, ки дар оянда низ фаъолияти худро тибқи талаботи оиннома, барнома ва дастуру супоришҳои роҳбарияти олии ҳизб ба роҳ монда, баҳри боз ҳам мустаҳкам намудани мавқеъ ва нуфузи ҳизб дар ҷомеа фаъолияти пурсамар хоҳанд кард.

Дар анҷоми ҷаласа аз ҷониби раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ «Иқтисодчӣ» ба 31 аъзои нави Ҳизб шаҳодатномаи ҳизбӣ дар фазои тантанавӣ супорида шуд.