Новости Министерства



Ҷаласаи сеюми Кумитаи роҳбарикунандаи лоиҳаи рушди ҳамгироии деҳот (IRDP)/TRIGGER бо роҳбарии Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ баргузор гардид

.

19 июли соли 2022 дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи сеюми Кумитаи роҳбарикунандаи «Лоиҳаи рушди ҳамгироии деҳот (IRDP)/TRIGGER» бо роҳбарии Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ, муовинони вазирони кишоварзӣ, энергетика ва захираҳои об, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, инчунин шарикони рушд ва созмонҳои байналмилалӣ баргузор гардид.

Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода А.С. қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳидоят ва роҳнамоии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равобити худро бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, инчунин бо Ҷумҳурии Федеративии Германия дар асоси ҳамкории созанда ва фаъол татбиқ менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушду тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Федеративии Германия таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, аз ибтидо баҳри густариши ҳамаҷонибаи онҳо кӯшишҳои худро талош медиҳад.

Бояд тазаккур дод, ки лоиҳаи рушди ҳамгироии деҳот (IRDP)/TRIGGER аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати федералии ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Германия (BMZ) маблағгузорӣ шуда, барои беҳтар намудани фазои мусоид, дастгирии соҳибкорӣ ва пешбурди он, баланд бардоштани ҳосилнокии занҷираҳои арзиши кишоварзӣ, мусоидат ба дастрасӣ ба бозорҳои содиротӣ ва беҳтар намудани муҳити мусоид дар идоракунии ҳамгирошудаи захираҳои об равона гардидааст.

Дар анҷоми вохӯрӣ, пешниҳод гардид, ки дар татбиқи лоиҳаи мазкур ҳадафу афзалиятҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва рушди деҳот ба инобат гирифта шуда, тарафҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои судманд изҳор намуданд.