Новости Министерства



Ҷаласаи Ситоди ҷумуриявии оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

 

 

Мавзӯи ҷаласа: Натиҷагирии иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, №101 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022» ва баррасии рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022, №133 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023».

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбарии Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистон 27 июли соли 2022 баргузор гардид.

Дар кори ҷаласаи мазкур роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилояти Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.

Таҳлили рафти иҷрои қарор нишон дод, ки ҷиҳати иҷрои зербандҳои 1.1 ва 1.2 Нақшаи чорабиниҳо қарори мазкур дар муҳлати муқарраргардида аз ҷониби вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ситодҳои фаврӣ таъсис ва нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардиданд.

Айни замон марҳилаи нақшабандӣ ва захиранамоии маводи хӯрокворӣ, ангишт, воридоти мазути камсулфур, гази табиӣ ва моеъ ва дигар маводи асосии сӯхт, омодагӣ барои таъмини барқу гармӣ ба муассисаҳо ва аҳолӣ дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 идома дорад.

Дар рафти ҷаласа аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ситод муҳтарам Усмонзода У.Ю. ба масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва Агентии захираҳои моддии давлатӣ ҷиҳати захираи маводи асосии ғизоӣ, ба вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳру ноҳияҳо ва дигар мақомоти дахлдор ҷиҳати омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт барои фасли тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023, ба вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар мақомоти дахлдор ҷиҳати истеҳсол ва захира намудани меъёри зарурии маводи доруворӣ, ба Вазорати нақлиёт оид ба захираи маводи зарурии зидди лағжиш, ба Вазорати энергетика ва захираҳои об оид ба самаранок истифода намудани нерӯи барқ ва кам намудани талафоти он, захира намудани ангишт ва ба дигар мақомоти дахлдор доир ба иҷрои нақшаҳои пешбинишуда супоришҳои қатъӣ дода шуданд.

Дар ҷамъбасти ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное