Вохӯрии Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо бо намояндаи Бонки Осиёии Рушд
Рӯзи 30 августи соли 2022 дар кишвари Сингапур дар ҳошияи 10-умин Форум оид ба содагардонии савдо дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором мулоқоти дуҷонибаи Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ ва намояндаи Бонки Осиёии Рушд Алберт Парк баргузор гардид.
Дар мулоқот масъалаҳо вобаста ба тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд мавриди баррасии тарафҳо қарор дода шуд.
Абдураҳмонзода А. С. қайд намуд, ки бо супориш ва роҳнамоиҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилотҳои байналмилалӣ, бахусус бо Бонки Осиёии Рушд дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудааст.
Инчунин вобаста ба сатҳи ҷории ҳамкориҳои мавҷуда байни тарафҳо, лоиҳаҳои татбиқшаванда аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд, барномаву ҳуҷҷатҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ислоҳоти амалигардида дар самти савдо, аз ҷумла Портали савдои Тоҷикистон, низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2021-2025» ва «Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» маълумот пешниҳод гардида, иштироки Бонки Осиёии Рушд дар татбиқи онҳо зарур арзёбӣ карда шуд.
Ҷониби Бонки Осиёии Рушд низ дар навбати худ аз дастовардҳои ҷониби Тоҷикистон истиқбол намуда, омодагии худро ҷиҳати тақвияти бештари ҳамкориҳо иброз кард.