Табрикоти Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода бахшида ба Рӯзи иқтисодчиён
Ҳамкорони арҷманд! Иҷозат фармоед ҳамаи Шуморо бо камоли эҳтиром аз номи роҳбарияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва шахсан аз номи худам ба иди касбӣ- Рӯзи иқтисодчиён самимона табрику таҳният намуда, дар ҳаёти шахсиатон бахту саодат ва дар фаъолияти кориатон пешравию комёбиҳо таманно намоям.
Ин ҷашн дар ҳақиқат эътирофгари саҳми барҷастаи иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии рушди мамлакат ва ташаккули ҷомеаи пешрафту мутараққӣ буда, қудрату тавони таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ дар мамлакат ва дар ин замина баланд бардоштани дараҷаи некӯаҳволии мардумро дорад.
Мавриди зикр аст, ки кормандони соҳаи иқтисод дар ташкили низоми идоракунии иқтисодӣ нақши арзанда бозида, дар таҳияи сиёсати давлатии рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат фаъолона иштирок менамоянд. Онҳо, ҳамчунин, вазифаҳоро оид ба таҳияву татбиқи сиёсати давлатӣ ва батанзимдарории меъёрии ҳуқуқӣ дар бахши таҳлил ва таҳияи консепсияҳо, стратегияҳои гуногунмуҳлат, барномаҳо ва дурнамоҳои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат, фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, савдо, рушди иқтисодии минтақаҳо, патентҳо ва ташаккули захираҳои иттилоотӣ, инчунин ҳамоҳангсозии масъалаҳои гузаронидани мониторинг, баҳодиҳии татбиқи стратегияҳои миллии рушд, баланд бардоштани дараҷаи некӯаҳволии мардум ва барномаҳои давлатии сармоягузориро амалӣ менамоянд.
Дар ҳақиқат, вазифаи калидии сиёсати иқтисодии кишвар имрӯз баланд бардоштани дараҷаи рақобатнокии иқтисоди миллӣ мебошад, ки ба ин самт фаъолияти доимии Шумо- кормандони Вазорати рушди иқтисод ва савдо равона шудааст. Ин нукта дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли ҷорӣ чунин таъкид гардидааст: «Мо бояд сиёсати иқтисодии худро тавре ба роҳ монем, ки тавассути истифодаи самараноки захираву имкониятҳои мавҷуда ва дигар дороиҳо рақобатнокии иқтисоди миллӣ баланд бардошта шавад».
Мавриди зикр аст, ки мо ҷиҳати расидан ба ҳадафи худ- иқтисоди иҷтимоии бозоргонӣ бемайлон ҳаракат дорем. Он қоидаҳои дақиқу шаффофи фаъолияти иқтисодӣ ва адолати иҷтимоиро дар назар дорад. Сухан дар бораи ҳифзи иҷтимоии аҳолии камбизоат ва фароҳам овардани чунин шароите меравад, ки ҳар як шаҳрванд ҳуқуқи озодона татбиқ намудани иқтидори худро дар иқтисоди кишвар дошта, дар баробари ин назди ҷомеа ҳисси масъулиятро ба зимма мегирад.
Дар назди кормандони иқтисод имрӯзҳо вазифаҳои пурмасъулият ҷиҳати баланд бардоштани устуворӣ, самаранокӣ ва рушди устувору бемайлони иқтисоди кишвар қарор дорад. Нақши муҳими кормандони соҳаи иқтисод чӣ дар ҳалли вазифаҳои оянда, ки ба ислоҳоти иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум нигаронида шудааст ва чӣ корҳои рӯзмарраи дорои аҳамияти хоса назаррас аст.
Боиси ифтихор аст, ки дар соҳаи иқтисоди кишвар мутахассисони варзидаи босалоҳият, масъулиятнок ва поквиҷдон, соҳибмалакаву фарогири нозукии бахшҳои мухталиф фаъолият доранд. Аз сатҳи касбият ва фаъолияти пурсамари маҳз чунин кормандон рушди минбаъдаи иқтисоди кишвар ва шукуфоии он вобастагии бевосита дорад.
Вобаста ба ин, мехостам дар ин рӯзи фархунда ба тамоми иқтисодчиёни ҷумҳурӣ, аз ҷумла мутахассисон ва ҳайати роҳбарикунандаи Вазорати рушди иқтисод ва савдо, бахшҳои иқтисодии мақомоти давлатии маҳаллии ҳокимияти иҷроия барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзандаашон дар бахшҳои гуногуни иқтисод ва рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар арзи сипос ва ба ҳар кадоми Шумо барору комёбиҳои беназирро таманно намоям.
Пирӯзу саодатманд бошед ҳамкорони арҷманд!