Новости Министерства



Ҷамъомади идона бахшида ба «Рӯзи Модар»

.

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бахшида ба «Рӯзи Модар» ҷаласаи тантанавӣ бо иштироки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказӣ баргузор карда шуд.

Ҷамъомадро бо сухани табрикотӣ муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо – Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид оғоз намуда, иброз доштанд, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни расмии давлатӣ эълон шудани Рӯзи модар дар кишварамон гувоҳи равшани мақому манзалати баланди бонувон дар ҷомеаи мо мебошад.

Сипас саҳми арзандаи занонро дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт, аз ҷумла дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар қайд карда, аз суханони муҳтарам Пешвои миллат ёдоварӣ карданд:

«Модар гаҳвора ва оламро ба ҳам мепайвандад ва бо сиришту замири покаш барои ҳастии фарзанд, ободии хонадон ва осоиши ҷомеа талош менамояд».

Модар барои фарзанд дарҳои илму маърифатро боз мекунад, яъне аввалин омӯзгори фарзанд мебошад, ба хотири орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат беминнат талош меварзад.

Инчунин дар чорабини сармутахассиси Раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоӣ Хушбахтов Аҳад баромад намуда, дар васфи Зан-Модар суханони бузургонамонро ёдовар шуданд.

Дар интиҳои ҷамъомад роҳбарияти вазорат бори дигар бонувони вазорат ва дар симои онҳо модарон, хоҳарон ва духтарони сарбаланди кишварро ба фаро расидани иди фархундаи Рӯзи модар – ҷашни таҷассумгари сарсабзиву зебоӣ аз самими дил мубаракбод гуфтанд.