Новости Министерства



Вохӯрии Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо бо ҳайати Бонки Осиёии Рушд

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

7 марти соли 2023 вохӯрии Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо, Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин бо ҳайати Бонки Осиёии Рушд Анҷум Исрар ва Юҷи Мияки баргузор гардид.

Нуриддинзода А. Н. ба намояндагони Бонки Осиёии Рушд барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд вобаста ба рушди иқтисоди миллӣ ва саҳмгузорӣ дар амалӣ намудани ҳадафу афзалиятҳои кишвар минатдорӣ баён намуд.

Дар рафти вохӯрӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи беҳтаргардонии фазои тиҷоратӣ ва зерлоиҳаи дастгирии идоракунии қарзи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Барномаи «Дастгирии идоракунии қарз ва таъмини шаффофият» мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Нуриддинзода А. Н. аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд барои маблағгузорӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллиро бо назардошти пешгирӣ ва кам кардани таъсири буҳронҳои ҷаҳонӣ ва тағйирёбии иқлим даъват ба амал овард.

Дар анҷоми вохӯрӣ, ҷонибҳо омодагии худро барои татбиқи масъалаҳои қайдгардида ва ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун иброз намуданд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное