Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раиси Анҷумани соҳибкорони Қатар ва раиси Шӯрои мудирони гурӯҳи ширкатҳои «Файсал Ҳолдинг» — Шайх Файсал бин Қосим Оли Сонӣ
7 марти соли 2023 дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо раиси Анҷумани соҳибкорони Қатар ва раиси Шӯрои мудирони гурӯҳи ширкатҳои «Файсал Ҳолдинг» — Шайх Файсал бин Қосим Оли Сонӣ баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо густариш додани ҳамкории мутақобилан судманди соҳибкорони Тоҷикистону Қатарро дар самтҳои сармоягузории лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории давлатӣ, аз ҷумла лоиҳаҳои инфрасохтори соҳаи саноат, нақлиёт ва истифодаи иқтидорҳои иқтисодии истифоданашудаи ҳар ду ҷониб, ки дар рушди тиҷорати байниминтақавӣ ва байналмилалӣ нақши муҳим доранд, мавриди муҳокима қарор доданд.
Дар навбати худ Шайх Файсал бин Қосим Оли Сонӣ таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари амну босубот дар минтақа дорои захираҳои бузурги табиӣ ва имкониятҳои васеъ барои сармоягузоронро доро мебошад ва соҳибкорони қатарӣ ба рушди ҳамкории мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама соҳаҳои иқтисодӣ ҳавасманд мебошанд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба баён намуданд.