Новости Министерства



Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Директори кулли бахши маркетинги ширкати “Диёри Қатар” доктор Абдуллоҳ Яъқуб ал-Саид

.

Дар доираи сафари кории ҳайати Тоҷикистон ба Давлати Қатар рӯзи 8 марти соли 2023 дар шаҳри Давҳа вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Директори кулли бахши маркетинги ширкати “Диёри Қатар” доктор Абдуллоҳ Яъқуб ал-Саид баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба фаъолияти ширкати мазкур дар Тоҷикистон, густариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва раванди идомаи татбиқи лоиҳаҳои муштаракро мавриди муҳокима қарор доданд.

Таъкид гардид, ки сармоягузории ширкати “Диёри Қатар” дар татбиқи лоиҳаҳои бахши сохтмон, аз ҷумла бунёди бомуваффақи марҳалаи якуми лоиҳаи «Диёри Душанбе» ифодагари алоқамандии ҷонибҳо ҷиҳати тавсеаи минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодию сармоягузорӣ мебошад.

Бо мақсади густариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва ҷалби сармояи қатарӣ ба иқтисоди миллӣ Завқизода З. А. роҳандозии марҳилаи дуюм, сеюм ва чоруми лоиҳаи “Диёри Душанбе” дархост намуд.

Дар ҷавоб ба дархости ҳайати Тоҷикистон роҳбарияти ширкати «Диёри Қатар» барои сармоягузории минбаъда дар татбиқи марҳилаи дуюм, сеюм ва чоруми лоиҳаи “Диёри Душанбе” изҳори омодагӣ намуд.