Новости Министерства



Ҷаласаи 2-юми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Япония оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

13 марти соли 2023 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дуюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Япония оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ таҳти ҳамраисии Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин ва ҳамраисии Муовини сардори Бюрои Аврупо ҷаноби Икегами Масаки дар шакли ҳузурӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа ҷонибҳо ҷиҳати тақвият додани ҳамкориҳо дар самтҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, саноат, энергетика, нақлиёт, алоқа ва технологияҳои муосир, маориф ва илм, тандурустӣ, сайёҳӣ, меҳнат ва муҳоҷират, иқтисоди рақамию сабз, ҳифзи муҳити зист, варзиш ва таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, аз ҷумла дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби сармоягузорони японӣ ба мувофиқа расиданд.

Ҷаласа дар фазои дӯстӣ ва якдигарфаҳмӣ баргузор гардида, дар анҷоми он Протокол ба имзо расонида шуд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное