Новости Министерства



Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунанда оид ба Чаҳорчӯби ҳамкорӣ оид ба рушди устувор барои солҳои 2023-2026 баргузор гардид

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

14 марти соли 2023 таҳти ҳамраисии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин ва Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Сезин Синаноглу бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо, намояндагони оҷонсиҳои СММ - аъзои Гурӯҳҳои натиҷавии Барномаи қолабии СММ оид ба расонидани кумак барои рушд дар Тоҷикистон (UNSDCF) ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунанда оид ба тасдиқи Нақшаҳои кории Чаҳорчӯби ҳамкорӣ оид ба рушди устувор барои солҳои 2023-2026 баргузор гардид.

Завқизода З. А. қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ дастовардҳои назарраси рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварро бо таҳлилҳои ҳаматарафа дар 5 соли сипаригардида қайд карда, дурнамои самтҳои афзалиятноки рушди соҳаҳои иқтисоди миллиро барои солҳои минбаъда муайян намуданд.

Аз ҷумла дар панҷ соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёти мамлакат дар сатҳи 7,3 фоиз ва дар соли 2022 дар сатҳи 8 фоиз таъмин гардид. Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 71 млрд. сомонии соли 2018 то 115 млрд. сомонӣ дар соли 2022 ё 1,6 баробар расонида шуд.

Инчунин дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо агентиҳои СММ ва дигар шарикони рушди кишвар барои таъмини рушди устувор ва мутавозини иқтисодӣ дар давоми солҳои 2016-2020 рушди миёнасолонаи ММД дар сатҳи на кам аз 7 фоиз таъмин гардида, ҳаҷми ММД 1,6 маротиба зиёд шуд. Ҳиссаи содирот дар гардиши савдои хориҷӣ аз 20 то 31 фоиз зиёд ва ҳиссаи воридот аз 80 то 69 фоиз кам гардид. Дар натиҷа танҳо дар панҷ соли охир дар дохили кишвар ба маблағи умумии беш аз 44 млрд сомонӣ маҳсулоти ивазкунандаи воридот истеҳсол карда шуд, ки боиси хеле коҳиш ёфтани вобастагии бозори истеъмолӣ аз маҳсулоти воридотӣ гардид.

Хонум Сезин Синаноглу Ҳукумати ҷумҳуриро барои ноил гардидан ба рушди назаррас дар давраи татбиқи барномаи UNDAF дар давоми солҳои 2016-2020 табрик намуда, барои ҳамкории самаранок ва ба даст овардани натиҷаҳои муштарак ҷиҳати дастгирии аҳолии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ баён кард. Ҳамзамон мавсуф омодагии СММ-ро барои идомаи ҳамкориҳои мутақобилаи судманд дар раванди тасдиқи Нақшаҳои кории Чаҳорчӯби ҳамкорӣ оид ба рушди устувор барои солҳои 2023-2026, изҳор намуд.

Роҳбарони гурӯҳҳои натиҷавӣ Олег Гучгелдиев, Элиза Калкатера, Наргис Раҳимова ва Саранго Раднарагча ба ҳозирин Чаҳорчӯби ҳамкорӣ оид ба рушди устувор барои солҳои 2023-2026-ро муаррифӣ намуда, вобаста ба ин масъалаҳо мубодилаи афкор ва таклифҳои судманд пешниҳод намуданд.

Аъзои кумитаи муштараки роҳбарикунанда аз ҳисоби намояндагони шарикони рушд ва вазорату идораҳои ҷумҳурӣ Нақшаҳои кории Чаҳорчӯби ҳамкорӣ оид ба рушди устувор барои солҳои 2023-2026-ро тасдиқ намуда, омодагии худро ҷиҳати афзоиш додани кумаку дастгириҳои минбаъда дар самти таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ ва экологӣ баён доштанд.

Дар анҷоми чорабинӣ аз ҷониби Кумитаи роҳбарикунанда вобаста ба масъалаҳои рузномаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо агентиҳои СММ омодагӣ изҳор гардид.

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное