Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар арафаи иди Наврӯз ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод кӯмаки моддӣ дастрас намуд

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

 

Бо мақсади анҷом додани амалҳои хайру савоб дар ҳаққи ятимону маъюбон ва эҳтиёҷмандон дар доираи ҳидоятҳои саховатмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи иди Наврӯз аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод кӯмакҳои моддӣ расонида шуд.

Кӯмакҳои моддии расонидашуда аз орд (50кг) 10 халта, равған(5л) 10 адад, биринг 50кг, шакар 50кг, қанд 10кг, кулчақанд 10кг, гушти гов 40кг, ручка 300 дона ва инчунин дафтар 300 дона иборат буда, барои каме ҳам бошад шод гардонидани бачаҳои Мактаб-интернат мусоидат намуданд.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳои худ ҳамеша таъкид мекунанд, воқеан, додани хайроту садақот ва анҷом додани амалҳои хайру савоб дар ҳаққи ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату эҳтиёҷманд аз ҷумлаи вазифаҳои инсонӣ ва қарзи имонии ҳар як шахси муъмину савобҷӯй мебошад.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное