Баргузории ҷаласаи навбатии Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ
Рӯзи 22 июни соли 2023 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ ва раванди иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2022, №116 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбарии муовини якуми Вазир Солеҳзода А. А. ҷаласаи навбатии Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ баргузор гардид.
Дар оғози ҷаласа Солеҳзода А. А. қайд намуд, ки дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон новобаста ба таъсири омилҳои берунӣ устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, дар панҷ моҳи соли 2023 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 41 млрд. сомонӣ ва рушди воқеии он 8,2 фоизро ташкил намуд.
Дар доираи ҷаласаи мазкур мавзӯи ‹‹Кам кардани талафоти нерӯи барқ ва ҷоринамоии низоми биллингӣ» баррасӣ гардида, гузориши муовини вазири энергетика ва захираҳои об Сафарзода М. Б. шунида шуд. Таъкид гардид, ки бо мақсади кам кардани талафоти нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ айни замон 6 лоиҳаи сармоягузорӣ бо маблағӣ 279,1 млн. доллар амалӣ гардида истодааст.
Дар охир аз натиҷаи ҷаласаи Ситод қарорҳои дахлдор қабул гардида, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши муфассал ирсол карда мешавад.