Новости Министерства



ДИДАН НАМУДАН АЗ МАРКАЗИ НАМОИШИВУ САНҶИШИИ “ШАҲРИ ҲУШМАНД”

.

21 август Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ноҳияи Хайдиени шаҳри Пекин ташриф оварда, аз Маркази намоишиву санҷишии «Шаҳри ҳушманд» боздид намуданд.

Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки ғояи «Шаҳри ҳушманд» аз равандҳои имрӯзаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, барои муътадилгардонии кори низоми нақлиётӣ, истифодаи самарабахши захираҳои энергетикӣ, содагардонии равандҳои идоракунӣ, баланд бардоштани сатҳи бехатарӣ, иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти шаҳр, беҳбуди муҳити созгор ва сатҳи зиндагӣ ба кор бурда мешавад.
Имрӯз кишвари Чин бо истифода аз технологияҳои пешрафтаи мониторинг, коркарди маълумотҳои калон ва зеҳни сунъӣ дар самти осон кардани идоракунии шаҳрҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ, дар пешбурди ташаббусҳо оид ба шаҳрҳои ҳушманд мавқеи пешсафиро дар ҷаҳон касб кардааст.