Новости Министерства



Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии ҲХДТ “Иқтисодчӣ”

.

23 августи соли 2023 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Восидиён Фарҳод Саъдулло, муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Ашурова Дилрабо, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қурбонзода Убайдулло ва аъзои ҳизб ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии ҲХДТ «Иқтисодчӣ»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдо баргузор гардид. Ҷаласаи мазкур мутобиқи қарори маҷлиси Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе доир карда шуд.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа ҳисоботи Муовини Раиси ташкилоти ибтидоии «Иқтисодчӣ» Ёқубҷони Сайвалӣ оид ба ҷамъбасти фаъолият дар давоми як сол – аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 шунида шуд. Зикр карда шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ ташкилоти ибтидоии ҲХДТ «Иқтисодчӣ» фаъолияти худро дар асоси оиннома ва барномаи ҲХДТ ба роҳ монда, баҳри амалӣ гардидани ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон саъю талош варзид.

Дар идомаи ҷаласа тибқи рӯзнома масъалаи интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ барои давраи минбаъда муҳокима гардида, бо назардошти фаъолияти пурсамари сиёсиву ташкилӣ ва саҳм гузоштан дар татбиқи ҳадафҳои созандаи ҳизб бо ҷонибдории кулли аъзои ҳизб Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ «Иқтисодчӣ» интихоб гардид.

Дар рафти ҷаласа, инчунин вазифаҳои навбатӣ барои фаъолияти минбаъда баррасӣ гардида, банди иловагӣ ба нақшаи кории ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ барои соли 2023 бо назардошти пешниҳоду таклифҳо қабул карда шуд.

Ҳамзамон, тариқи овоздиҳӣ аъзои раёсат аз зумраи фаъолони ҳизб интихоб гардиданд. Ҳамзамон барои натиҷагирӣ ва ҷамъбасти Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии ҲХДТ «Иқтисодчӣ» муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Ашурова Дилрабо суханронӣ намуда, қайд кард ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби сулҳу ваҳдат, ҳизби пешрафт ва шукуфоии Тоҷикистони азизи мо буда, бо заҳмату талошҳои Сарвари муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими давлати ҳуқуқбунёду демокративу дунявӣ, ояндаи шукуфоии мамлакат, тарбияи насли ҷавон якояки мо бо ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ бояд баҳри таъмини зиндагии шоиста ва таҳкими ҷойгоҳи сазовори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзандаи худро дошта бошем.

 Ҳамин тариқ, аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Иқтисодчӣ» бо ҳамовозии якдилона изҳор доштанд, ки дар оянда низ фаъолияти худро тибқи талаботи оиннома, барнома ва дастуру супоришҳои роҳбарияти олии ҳизб ба роҳ монда, баҳри боз ҳам мустаҳкам намудани мавқеъ ва нуфузи ҳизб дар ҷомеа фаъолияти пурсамар хоҳанд кард.

Дар анҷоми ҷаласа ба 14 аъзои нави ташкилоти ибтидоии ҲХДТ «Иқтисодчӣ»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шаҳодатномаи ҳизбӣ дар фазои тантанавӣ супорида шуда, инчунин ба аъзоёни фаъоли ҳизб ифтихорномаҳо тақдим карда шуд.