Новости Министерства



Баргузории ҷаласаи навбатии Гурӯҳи корӣ оид ба муаррифӣ ва баррасии дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар соли 2025 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2026-2027 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо

.

  

12 марти соли 2024 тибқи талаботи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 сентябри соли 2023, №78-ф дар вазорат муаррифии дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Шаҳринав, Рашт, Тоҷикобод, Лахш ва Нуробод дар соли 2025 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2026-2027 бо роҳбарии Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Восидиён Фарҳод Саъдулло баргузор гардид.

Восидиён Ф. С. қайд намуд, ки мақсад аз баргузории ҷаласаи мазкур таъмини иҷрои сифатноки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо, истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда, ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва дар маҷмӯъ таъмини рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи на кам аз 8 фоиз мебошад.

Аз ҷониби Восидиён Ф. С. ба намояндагони шаҳру ноҳияҳои қайдгардида тавсия дода шуд, ки ҳангоми таҳияи дурнамо барои соли 2025 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2026-2027 ба иҷрои дастуру супоришҳои муҳтарам Пешвои муаззами миллат, ки ҳангоми сафарҳояшон ба минтақаҳои ҷумҳурӣ баён намудаанд, инчунин муқаррароти Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Барномаи давлатии рушди содирот барои солҳои 2021-2025, Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2021-2025, барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо ва дигар барномаҳои соҳавию минтақавӣ диққати аввалиндараҷа диҳанд.

Дар рафти ҷаласа аз ҷониби Муовини Раиси шаҳри Турсунзода – Азимзода А., Муовини Раиси шаҳри Ҳисор – Нурализода Х., Муовини якуми Раиси ноҳияи Шаҳринав – Анварзода О., Муовини якуми Раиси ноҳияи Рашт – Шарифзода Ҳ., Муовини якуми Раиси ноҳияи Тоҷикобод – Ҳасани Д., Муовини Раиси ноҳияи Лахш – Асомидинзода А. ва Муовини Раиси ноҳияи Нуробод – Ғазозода Ҳ. дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2025 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2026-2027 муаррифӣ карда шуд.

Баъд аз баррасии нишондиҳандаҳои пешниҳодгардидаи шаҳру ноҳияҳои мазкур барои расидан ба ҳадафҳои олии кишвар қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Мувофиқи нақшаи тасдиқгардида рӯзи 13 марти соли 2024 муаррифии дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд, шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ пешбинӣ гардидааст.