Баргузории ҷаласаи корӣ бо мақсади омӯзиши нуқтаҳои асосии суханронии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки роҳбарияти вазорат, мудири кафедраи фанҳои гуманитарии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон – Шарифзода Исомуддин Умар ва кормандони дастгоҳи марказии вазорат ҷаласаи корӣ бо мақсади омӯзиш ва расонидани нуқтаҳои асосии суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар ироа намуданд баргузор гардид.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар қайд намуданд «Давлати Тоҷикистон нисбат ба ҳамаи динҳо назари нек дошта, шароити созгори эътиқодро барои пайравони онҳо таъмин кардааст ва хусусан, барои рушди дини мубини ислом, ки 99 фоизи сокинони кишвар эътиқодманди он мебошанд, на фақат шароити мусоид муҳайё кардааст, балки ба арзишҳои созандаву инсонпарваронаи он арҷ мегузорад».
Дар робита ба ин Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Восидиён Фарҳод Саъдулло қайд намуд, ки дар ҷаҳони муосир равандҳое ба мисли бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстримизми динӣ идома доранд, ки василаи истифодаи қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ гардидаанд, инчунин таъсири онҳо ба ҷомеа ва давлат ҷидди хоҳад буд агар пеши роҳи онҳоро нагирифт.
Дар ҷаласа мудири кафедраи фанҳои гуманитарии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо кормандони дастгоҳи марказии вазорат нуқтаҳои асосии суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар ироа намуданд суҳбат ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронид.