Новости Министерства



Иштироки муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо дар ҷаласаи сатҳи баланди созмони Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (ҲИМОМ)

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

  

Рӯзҳои 30 - 31 майи соли 2024 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи сатҳи баланди созмони Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (ҲИМОМ) баргузор гардид, ки дар он муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид бо ҳайати Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуд.

Зимни суханронӣ Солеҳзода А. А. қайд кард, ки ҳамкориҳо ва маблағгузории лоиҳаҳо дар доираи созмони мазкур васеъ карда шуда, ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо, рушди инфрасохтори савдо ва таҳвил, алоқамандӣ дар самти иқтисоди сабз, рақамикунонӣ ва дигар самтҳо диққати бештар дода шаванд.

Дар ҷаласаи мазкур намояндагони кишварҳои аъзои ҲИМОМ иштирок намуда, дар доираи он масъалаи шарҳи миёнамуҳлати татбиқи Стратегияи ҲИМОМ-ро то соли 2030 баррасӣ намуданд.

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное