Новости Министерства



Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар арафаи ҷашни миллӣ – Рӯзи ваҳдати миллӣ ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод кӯмаки моддӣ дастрас намуд

.

  

Ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати эҳсонкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи таҷлили ҷашни бузурги миллӣ – Рӯзи ваҳдати миллӣ, аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба Мактаб - интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод кӯмакҳои моддӣ аз қабили шириниҳо, маводи хӯрока ва сару либос инчунин маҳсулоти сохтмонӣ расонида шуд.

Табрикоти роҳбарияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ ба тамоми таълимгирандагони Мактаб - интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод расонида шуда, қайд гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ятимону маъюбонро дастгирӣ ва ғамхорӣ намуда, тамоми шароитро барои онҳо муҳаё намуда истодааст.

Дар заминаи дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат таълимгирандагонро зарур аст, ки бо баҳо ва одоби намунавӣ таҳсил ва тарбия гирифта, ба Тоҷикистони азизу маҳбуб софдилона хизмат намоянд.

Айни замон дар Мактаб интернати ҷумҳуриявии кудакони ятими ноҳияи Нуробод 145 нафар ятимони кул бо шароитҳои хуб таълиму тарбия мегиранд.