Новости Министерства



Иштироки муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо дар чорабинии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (СҲИР) дар мавзӯи «Дарвозаи ҷаҳонии Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ: сармоягузорӣ, рақобат ва тиҷорат»

.

  

26 июни соли ҷорӣ муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо - Насриддинзода Рухшона Ҳикматулло дар чорабинии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (СҲИР) дар мавзӯи «Дарвозаи ҷаҳонии Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ: сармоягузорӣ, рақобат ва тиҷорат» иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар чорабинии қайдгардида дар баробари иштироки намояндагони Ҷумҳуриии Тоҷикистон намояндагони ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Узбекистон, Туркманистон ва Қирғизистон низ иштирок дошта, иштирокчиён масъалаҳои таъсиси порталҳо вобаста ба соддагардонии расмиёти савдо дар сатҳи миллӣ, бартараф намудани монеаҳо дар савдои байналмилалӣ, мустаҳкам намудани иқтидорҳо оид ба савдои наздисарҳадӣ ва роҳандозӣ намудани иштироки бештари занони роҳбарикунандаи корхонаҳо дар раванди савдои байналмилалиро мавриди муҳокима қарор доданд.

Зимни суханронӣ Насриддинзода Р. Ҳ. иброз дошт, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар бо мақсади таҳкими асосҳои институтсионалии иқтисоди рақамӣ, рушди инфрасохтори иттилоотиву коммуникатсионӣ дар тамоми қаламрави Тоҷикистон, рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва вусъатбахшии раванди амалӣ намудани «ҳукумати электронӣ», содагардонии расмиёти савдо ва фароҳам овардани фазои сармоягузорӣ як қатор корҳои назаррас амалӣ шуда истодааст. Аз ҷумла консепсия ва барномаи рушди «Иқтисоди рақамӣ», Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» қабул карда шуда, мавриди амал қарор доранд.

Дар охир ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои минбаъда изҳор намуданд.