Новости Министерства



Вохурии намояндагони вазорату идораҳо бо коршиносони байналмиллалии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

  

3 июли соли 2024 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии намояндагони вазорату идораҳо бо коршиносӣ байналмиллалии БРСММ Бен Слай баргузор гардид.

Дар вохӯри намояндагони вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, корҳои хориҷӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Агентии омор, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Палатаи савдо ва саноат ва МД «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» иштирок намуданд.

Ҳадафи асосии вохӯри ин мусоидат ба таҷдиди стратегӣ ва навсозии ташаббусҳои иқтисодии СММ дар Тоҷикистон бо мақсади мутобиқ намудани онҳо ба афзалиятҳо ва масъалаҳои рушди кишвар ба ҳисоб меравад.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои муайян кардани самтҳои нави ҳамкорӣ, беҳтар намудани ташаббусҳои мавҷуда ва таҳияи лоиҳаҳои минбаъда баррасӣ гардиданд.

Намояндагони вазорату идораҳои дахлдор самтҳои афзалиятноки худро барои тақвият додани ҳамкориҳои минбаъда пешниҳод намуда, омодагии худро барои ҳамкорӣ иброз намуданд.

  

  

  

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное