Новости Министерства



Баргузории семинар – машварат оид ба моҳияти муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо

.

  

30 августи соли 2024 бо мақсади иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 2024, №8251 (23-3) дар вазорат семинар – машварат оид ба моҳияти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Восидиён Фарҳод Саъдулло бо иштироки Муовини Раиси Кумитаи андоз Маликзода Назрулло Саймиддин, кормандони вазорат ва намояндагони кумита баргузор гардид.

Восидиён Ф. С. қайд намуд, ки мақсад аз баргузории ҷаласаи мазкур таъмини иҷрои сифатноки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти принсипҳои асосии андозбандӣ, бахусус шафофияти андозбандӣ, усулҳои таъмини иҷрои уҳдадориҳои андозӣ, тартиби андозбандии субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ, имтиёзҳои андоз барои сармоягузорони дохилию хориҷӣ, рақамикунонии низоми андоз, хизматрасониҳои электронӣ ба шаҳрвандон ва андозсупорандагон ва дар маҷмӯъ ба ин васила зиёд намудани сармоягузорони дохилию хориҷӣ, инчунин таъмини рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи на кам аз 8 фоиз мебошад.

Дар рафти ҷаласа аз ҷониби Муовини Раиси Кумитаи андоз Маликзода Назрулло Саймиддин оид ба моҳияти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал дода шуд.

Баъд аз пешниҳоди маълумот муҳокимаронӣ ва саволу ҷавоб миёни кормандони вазорат ва намояндагони Кумитаи андоз сурат гирифт.