Новости Министерства



Баргузории ҷаласа оид ба Тартиби ифшои иттилоот аз ҷониби ташкилотҳои аҳамияти калони ҷамъиятидошта вобаста ба масъалаҳои экологӣ, иҷтимоӣ ва идоракунии корпоративӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

  

18 сентябри соли 2024 дар меҳмонхонаи «Hilton Dushanbe» таҳти роҳбарии Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид - муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо бо ҷалби шарикони рушд ва намояндагони ниҳодҳои дахлдори ҷумҳурӣ вобаста ба баррасии лоиҳаи «Тартиби ифшои иттилоот аз ҷониби ташкилотҳои аҳаммияти калони ҷамъиятидошта вобаста ба масъалаҳои экологӣ, иҷтимоӣ ва идоракунии корпоративӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласа баргузор карда шуд.

Ҷаласаро Солеҳзода А. А. ифтитоҳ намуда, иброз намуд, ки лоиҳаи «Тартиби ифшои иттилоот аз ҷониби ташкилотҳои аҳамияти калони ҷамъиятидошта вобаста ба масъалаҳои экологӣ, иҷтимоӣ ва идоракунии корпоративӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва ҷалби шарикони рушд ва бо мақсади амалӣ намудани банди 13 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳои паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2023 дар асоси муқаррароти Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 таҳия гардидааст.

Мақсади таҳияи лоиҳаи мазкур ин гузаронидани ислоҳоти инстутитсионалӣ, мутобиқ намудани қонунгузории кишвар ба стандартҳо дар самти иқтисоди «сабз», ҷалби сармоягузорӣ, маблағгузории «сабз» ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти иқтисоди «сабз» мебошад.

Дар ҷаласаи мазкур намояндагони вазорату идораҳо, шарикони рушд ва бахши хусусӣ иштирок намуда, дар ҷараёни он мубодилаи афкор сурат гирифт.