Новости Министерства



Муаррифии аввалин шаҳри ихтиёри маҳалии шаҳри Душанбе дар доираи Форуми байналмилалии шаҳрҳои устувор

.

  

5 ноябри соли 2024 дар доираи Форуми байналмилалии шаҳрҳои устувор дар шаҳри Қоҳираи Ҷумҳурии Арабии Миср муаррифии аввалин шарҳи ихтиёрии маҳаллии шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Душанбе: ояндаи устувор ва ҳушманд» сурат гирифт, ки ин бори аввал дар даврони соҳибихтиёрии кишвар ба ҳисоб меравад.

 

Дар оғози чорабинӣ муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, оид ба ташаббусҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати роҳандозии Рузномаи ҷаҳонӣ оид ба рушди устувор барои давраи то соли 2030, ду маротиба пешниҳод гардидани Шарҳи ихтиёрии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми сиёсии сатҳи баланд ва дастовардҳои кишварро дар самти татбиқи ҲРУ қайд кард.

Зимни чорабинӣ аз ҷониби Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ муовини раиси шаҳри Душанбе тадбирҳои андешидашудаи роҳбарияти шаҳр дар раванди татбиқ ва маҳалликунонии Рӯзномаи ҷаҳонӣ оид ба рушди устувор ва афзалиятҳои минбаъдаи шаҳрдорӣ муаррифӣ гардид.

Таъкид карда шуд, ки бо ташаббусҳои роҳбарияти шаҳр Душанбе имрӯз дар пешниҳоди хизматрасониҳои босифат ба аҳолӣ тавассути гузариш ба иқтисоди сабз ва рақамикунонӣ, бахусус дар самти маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ, нақлиёт, сохтмон ва дастрасӣ ба шабакаҳои муҳандисӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст.

Дар идомаи панел навори видеоӣ ва маводҳои таблиғотӣ оид ба дастовардҳои ноилгардидаи шаҳри Душанбе дар 7 соли охир, аз ҷумла дар самти маҳалликунонии ҲРУ ва фароҳам овардани шароити фарогири арзандаи зист барои сокинон ва меҳмонони пойтахти мамлакат манзури иштирокчиён карда шуд.