Новости Министерства



Ҳамоиши ҷавонони волонтёр таҳти унвони “Пайравони Пешвои миллатем” дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо баргузор гардид

.

  

6 майи соли 2025 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо Ҳамоиши ҷавонони волонтёр таҳти унвони “Пайравони Пешвои миллатем” бо роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин ва Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад бо иштироки ҷавонони волонтёри соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ баргузор гардид.

Мақсади баргузории ҳамоиш муаррифӣ намудани дастовардҳои мактаби бузурги давлатдории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар ин замина баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва нақши ҷавонон дар ҷомеа мебошад.

Завқизода З. А. баён кард, ки тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, мо минбаъд низ ба ҷавонон ҳамчун неруи боэътимод ва такягоҳи устувор таваҷҷуҳ хоҳем кард, зеро ояндаи миллату давлат аз онҳо вобаста мебошад.

Завқизода З. А. ҳамчун дастпарвар ва шогирди эътимодноки мактаби бузурги давлатдории муҳтарам Пешвои муаззами миллат аз таҷрибаи худ ба ҷавонони волонтёр паҳлуҳои гуногун, лаҳзаҳои хотирмон ва дастовардҳои иқтисодию иҷтимоии ин мактаби беҳамторо нақл кард.

Ҳамзамон қайд гардид, ки ҳамаи дастовардҳои давраи соҳибистиқлолӣ, ваҳдату амнияти миллӣ ва ободу зебо гардидани кишвар маҳз ба фаъолияти пурсамар ва азму иродаи қавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртибот дошта, давлати мо дар самти таъмини рушди устувор ва зиндагии арзандаи мардуми Тоҷикистони маҳбубамон ба комёбиҳои назаррас ноил гардид.

Аз ҷумла новобаста ба таъсири омилҳои берунӣ дар натиҷаи татбиқи бомароми стратегияву барномаҳои давлатӣ танҳо дар 25 соли давраи Истиқлоли давлатӣ маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 1,8 млрд. сомонӣ то 153,4 млрд. сомонӣ ё 85 маротиба, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ аз 289 сомонӣ то 14,8 ҳазор сомонӣ ё 51 маротиба ва даромадҳои пулии аҳолӣ аз 1 млрд. сомонӣ то 147 млрд. сомонӣ ё 147 маротиба зиёд гардид. Дар даврони соҳибистиқлолӣ сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоиз то 20,4 фоиз коҳиш ёфта, зиёда аз 2550 км роҳҳо ва беш аз 2 ҳазор мегаватт иқтидорҳои нави энергетикӣ, бахусус 2 агрегати НБО “Роғун”, 3670 адад муассисаҳои нави таълимӣ, 3076 адад муассисаҳои нави тиббӣ сохта ба истифода дода шуданд.

  

 

Дар натиҷа ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ арзёбӣ намуданд.

Завқизода З. А. тавсия дод, ки гуфтор, рафтор ва кирдорҳои неки муҳтарам Пешвои муаззами миллат барои ҷавонон беҳтарин намунаи ибрат мебошанд.

Маҳз ба талошу заҳматҳои шабонарӯзии муҳтарам Пешвои муаззами миллат сулҳу суботи комил дар кишвар таъмин гардида, муқаддасоти асосии давлатдорӣ қабул шуданд ва муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо беш аз 110 кишвари олам ба роҳ монда шудааст, инчунин ҷомеаи ҷаҳонӣ 5 ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои глобалии обу иқлим эътироф ва ҳамаҷониба дастгирӣ намуд.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Гулаҳмадзода З. А. зимни ҳамоиш аз таҷрибаи муваффақи волонтёрон дар самти корҳои ҷамъиятӣ, ҳифзи муҳити зист ва ҳамдастӣ дар татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ ёдовар шуд.

Дар охири ҳамоиш таъкид карда шуд, ки мардуми кишвар, бахусус ҷавононро зарур аст зиракии сиёсиву амниятиро аз даст надода, доимо барои ҳифз ва тақвият додани дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, инчунин таъмини устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва иҷрои вазифаҳои мансабию шаҳрвандӣ дар фаъолияти кориву шахсии худ аз пештара бештар талош намоянд.