Новости Министерства



Вохӯрӣ бо ҳайати вилояти Шэнсии Ҷумҳурии Мардумии Чин

.

  

7 май вохӯрии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Насриддинзода Рухшона бо намояндагони Ҳукумати халқии вилояти Шэнси таҳти роҳбарии Сардори Дафтари робитаҳои хориҷии ин вилоят хонум Чжан Синҷен доир гардид.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ, имкониятҳои сармоягузорӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, рушди занҷираҳои арзиш ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ гардиданд.

Муовини Вазир дар суханронии худ аз сиёсати устувори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини ҳамгироии минтақавӣ ва густариши шарикии стратегӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ёдовар шуда, изҳор дошт, ки ҳамкориҳо бо вилояти Шэнси дорои дурнамои васеъ мебошанд. Насриддинзода Р. омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои пешбурди ҳамкориҳои муштарак дар бахшҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ иброз намуд.

Қобили қайд аст, ҳайат дар доираи иҷрои натиҷаҳои нахустин Саммити «Осиёи Марказӣ –Чин» ва бо ҳадафи густариши ҳамкориҳои амалӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, кишоварзӣ, саноат, ВАО ва табодули маҳсулоти кишоварзӣ анҷом мегирад.