Роҳандозии Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 дар самти Гурӯҳбандӣ (Таксономия)-и лоиҳаҳои «сабз»
11 июни соли 2025 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо мақсади амалисозии ҳадафу вазифаҳои Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 ва таҳия намудани санади Гурӯҳбандии (Таксономия)-и лоиҳаҳои «сабз» ҷаласаи Гуруҳи корӣ, ки дар асоси фармоиши Вазири рушди иқтисод ва савдо аз 17 марти соли 2025, №18 таъсис ёфтааст бо иштироки коршиносони байналмилалӣ ва маҳаллӣ баргузор гардид.
Дар оғози ҷаласа муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода А. А. вобаста ба ҳадафу вазифаҳои Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 ва зарурати қабули санади қайдшуда маълумот манзур намуд.
Қайд гардид, ки Гурӯҳбандӣ (Таксономия)-и лоиҳаҳои «сабз» бо мақсади ҷалби сармояи «сабз» барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ, пешниҳоди қарзҳои «сабз» ва таҳияи лоиҳаҳои ҷавобгӯ ба принсипҳои иқтисоди «сабз» таҳия мегардад.
Ҳамзамон дар ҷараёни ҷаласа аз ҷониби мушовири байналмилалӣ Оливер Ҳерманн рӯнамо оид ба моҳияти Таксономияи «сабз», таҷрибаи байналмилалӣ ва хусусияти ин ҳуҷҷат манзур гардид.
Дар доираи ҷаласа аз ҷониби намояндагони вазорату идораҳо ва мушовирон вобаста ба нақшаҳои минбаъда ва сохтори ҳуҷҷати таҳияшаванда мубодилаи афкор сурат гирифт.