Новости Министерства



Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Урдун

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

10 декабри соли 2017 нахустин сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Шоҳигарии Ҳошимии Урдун бо маросими истиқболи расмӣ дар назди Қасри Ал Ҳуссайния оғоз гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ҳусейн гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват карданд.

Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ҳар ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди қатори сарбозон, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Шоҳигарии Ҳошимии Урдун сурат гирифта, бо гузашти низомии ҷузъу томҳои Горди фахрӣ аз назди сарони ду давлат ба анҷом расид.

Баррасии маҷмуъи васеи масоили дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Урдун дар вохӯрии хосаи сарони давлатҳо оғоз гардида, дар музокирот бо иштироки ҳайатҳои васеъи расмии ҳар ду ҷониб идома ёфт.

Дар оғози мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои даъвати ҷониби Урдун ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ва пазироии самимӣ изҳори сипос карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки мо Урдунро ҳамчун давлати бонуфузи минтақаи Ховари Миёна ва ҷаҳони ислом эътироф мекунем ва ҷиҳати такмилу тавсеаи равобити ҳасанаи худ бо Шоҳигарии Ҳошимии Урдун омода ҳастем.

Ҷонибҳо зимни мулоқот дурнамои ҳамкорӣ дар бахшҳои барои ҳар ду кишвар судовар, аз ҷумла соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, илму маориф, сайёҳиву  кишоварзӣ ва фарҳангу варзишро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ба роҳ мондани ҳамкории манфиатовар дар бахшҳои саноати сабук, истихроҷи маъданҳо, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва гидроэнергетика бо истифода аз имкониятҳои фарохи неъматҳои модии Тоҷикистон, аз қабили об, сангҳову металлҳои қиматбаҳо, металлҳои рангаву сиёҳ ва дигар маъданҳои кӯҳӣ, махсус таъкид карда шуд.

Таъкид гардид, ки барои ба сатҳи ҷавобгу баровардани равобити дуҷониба, васеъ кардани заминаи ҳуқуқӣ ва рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ бояд аз имконоту зарфиятҳои мавҷуда истифода бурда, аввалтар аз ҳама Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва техникиву илмӣ таъсис дода шавад. Роҳандозии муносибатҳои доираҳои соҳибкорӣ яке аз омилҳои асосии густариши ҳамкории васеи иқтисодиву тиҷоратии ду кишвар номида шуд.

Дар ҷараёни мулоқот таъкид карда шуд, ки Тоҷикистон имконоти хуби сайёҳиву кишоварзиро дорад ва ҷониби Урдун метавонад аз ин неъматҳо самаранок истифода барад. Ҳамчунин ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангӣ, манзараҳои зебои нотакрори Тоҷикистон барои рушди сайёҳии экологӣ, табобативу солимгардонӣ, куҳнавардӣ ва шикор шароити мусоид фароҳам овардааст.

Ҳар ду ҷониб барои истифодаи таҷрибаи ҳамдигар дар бахшҳои дигари манфиатовар, аз қабили дастовардҳои илмиву технологӣ, тиббу дорусозӣ, парвариши меваю сабзавот, зироатҳои техникӣ, истеҳсоли асал, бастабандӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ бо роҳи таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, истифодаи самараноки оби тозаи ошомиданӣ изҳори омодагӣ карданд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисос дар соҳаи тиб, муҳандисӣ, илмҳои дақиқ ва кишоварзӣ имкониятҳои васеъ ва таҷрибаи кофӣ дорад. Имрӯзҳо дар муассисаҳои таълимии олии мо донишҷӯёни кишварҳои гуногун бо таҳсил фаро гирифта шудаанд. Шоҳигарии Урдун низ  метавонад дар соҳаи маориф ба хотири тайёр кардани кадрҳои баландихтисос ҳамкорӣ намояд.

Зимни мулоқот, ки дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ ҷараён гирифт, ҳар ду ҷониб масъалаҳои ҳамкорӣ дар чаҳорчуби ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Ҳамкориҳои Исломиро баррасӣ карданд. Дар доираи ҳамкорӣ дар ин созмонҳо баҳри пешгирӣ ва мубориза бо зуҳуроти номатлуби асри навин, аз ҷумла терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, дарёфти роҳҳои ҳалли низоъҳои сиёсӣ ва истиқрори сулҳу субот дар кишварҳои ҷангзадаи Ховари миёна, Осиёи ҷанубӣ ва Афғонистон андешидани тадбирҳои муштараку дастаҷамъона зарур шумурда шуд.

Дар фарҷоми мулоқот Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳ II ибни Ҳусейн даъват ба амал оварданд, ки дар фурсати барояшон мусоид бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Абдуллоҳи II ибни Ҳусейн дар толори “Маросим”-и Қасри Ал Ҳуссайния санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Эъломияи муштарак оид ба таҳкими ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Ҳошимии Урдун қабул гардида, санадҳои зерин имзо шуданд:-

— Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Ҳошимии Урдун оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ;

— Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Ҳошимии Урдун оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя;

— Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Ҳошимии Урдун оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва таҳқиқоти илмӣ.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное