Ҷаласаи Кумитаи ҳамкорӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон
9 марти соли 2018 дар шаҳри Брюссел ҷаласаи шашуми Кумитаи ҳамкорӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон баргузор гардид.
Ҳайатҳоро аз ҷониби Тоҷикистон Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ ва аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ҷонишини сардори Сарраёсат, Сардори Раёсати Россия, кишварҳои “Шарикони Шарқӣ”, Осиёи Марказӣ ва САҲА-и Хадамоти аврупоии равобити хориҷӣ Люк Девин роҳбарӣ намуданд.
Дар ҷаласаи мазкур мавзуоти татбиқи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо нисбати Осиёи Марказӣ, рушди макроиқтисодии Тоҷикистон, равобити тиҷоратӣ, масоили обу энергетика ва мавзуоти ҳифзи муҳити зист, масоили рушд, инчунин волоияти қонун, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи инсон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.