Новости Министерства



Вохӯрии намояндагони Агентии назорати давлатии молявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандани ВРИС

.

Санаи 25 январи соли 2019 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи «Нақшаи гузаронидани суҳбату вохӯриҳои кормандони Дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба фаҳмондадиҳии муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат дар вазорату идораҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот» Сардори Раёсати амнияти дохилии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори адлия Гулмаҳмадзода Ҷамшед ва Муовини сардори Раёсати 2-юми Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентӣ Назарализода Икром ташриф оварда буданд.

Дар вохӯрии мазкур Гулмаҳмадзода Ҷамшед вобаста ба фаҳмондадиҳии муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат сухан намуда, аз суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз кард, «Ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳими фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад.

Бинобар ин, мақомотҳои дахлдор ва дигар субъектҳои ваколатдори соҳа бояд ҳамкориро бо аҳолӣ беҳтар ба роҳ монда, ҷиҳати гузоштани садди устувор дар роҳи амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои муассир андешанд.»

Сипас, вобаста ба ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иктисодии характери коррупсиони дошта, омилҳои сар задани коррупсия, сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда сухан доир гардид. Қайд карда шуд, ки муқовимат ба коррупсия қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, таҳия ва татбиқи он аз иродаи олии сиёсии роҳбарияти давлат оғоз мегардад. Самаранокии муқовимат ба коррупсия аз иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди амалигардии он вобастагии зич дорад.

Фаромӯш набояд кард, ки мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад.

Зеро паст кардани сатҳи коррупсия аз бисёр омилҳо ба мисли дастаҷамъӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, савияи баланди маърифати ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ, шуурнокӣ ва фаъолнокии ҳар як фарди ҷомеа, сатҳи воқеъии зиндагӣ вобастагӣ дорад. Танҳо дар сурати паст шудани шиддати коррупсия дар ҷумҳурӣ болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ, иқтисодиёти миллӣ, вазъи машғул шудан ба соҳибкорӣ, дониши шаҳрвандон, вазъи иҷтимоии онҳо ва соҳаи тандурустӣ рушд меёбад.

Дар охир иштирокчиён бо кормандони Агентӣ фикру мулоҳизаҳои худро пешниҳод намуда, ба саволҳои додаи худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.