Нахустин мукофоти олӣ – “Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ”-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихори миллати тоҷик аст.
Имрӯз 9 августи соли 2021 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши табрикӣ бо иштироки ҳамаи кормандони вазорат ва зерсохторҳои он бахшида ба нахустин мукофоти олӣ - “Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ”-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.