
Ба истифода додани Корхонаи коркарди фулузот ва истеҳсоли профилу қубурҳои ҶДММ “Ганҷофар” дар шаҳри Бӯстон
8 феврал дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи коркарди фулузот ва истеҳсоли профилу қубурҳои оҳанини Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ганҷофар”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Оғози сафари корӣ дар вилояти Суғд
8 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ҷашни Садаи ниёгон, таъсиси боғу токзори нав, ифтитоҳи як қатор иншооти соҳаҳои маъмурӣ, иҷтимоӣ, корхонаву коргоҳҳои саноатӣ, марказҳои фарҳангию фароғатӣ ва сӯҳбату мулоқот бо сокинони касбу кори гуногун ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
Мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарони як қатор давлатҳо ва роҳбарони созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ
Дар ҳошияи иштирок дар маросими ифтитоҳи бозиҳои XXIV зимистонаи Олимпӣ дар шаҳри Пекин дидору суҳбатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарони як қатор давлатҳо ва роҳбарони созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимухамедов, Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон, Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш, Раиси Маҷмаи Умумии СММ Абдулло Шаҳид доир гардиданд.