
Маблағҳои грантӣ ба миқдори 9,6 миллион евро аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия барои дастгирии соҳибкорони соҳаи кишоварзӣ пешниҳод шудаанд.
Имрӯз бо иштироки Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин ва Директори минтақавии Бонки Олмонии Рушди дар Осиёи Марказӣ Андреас Шнайдер маросими баимзорасонии Созишномаҳо оид ба интиқоли маблағҳо байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5 ташкилоти молиявии маҳаллии кишвар Бонки «Арванд», ТАҚХ «Финка», ТАҚХ «Ҳумо», ТАҚХ «Имон Интернешнл» ва ТМК «Оксус» баргузор гардид.
Вохӯрӣ бо Директори минтақавии Бонки Олмонии Рушд дар Осиёи Марказӣ
Имрӯз мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин ва Директори минтақавии Бонки Олмонии Рушд дар Осиёи Марказӣ Андреас Шнайдер баргузор гардид.
Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
20 январ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.