Оғози сафари корӣ ба вилояти Суғд ва ифтитоҳи бинои Мактаб-интернати нав дар деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ

.

28 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун, боздид аз фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунанда оид ба муаррифии Ҳисоботи арзёбии Барномаи қолабии СММ оид ба расонидани кумак барои рушд дар Тоҷикистон барои солҳои 2016-2022 баргузор гардид.

.

28 июли соли 2021 таҳти ҳамраисии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин ва Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Сезин Синаноглу бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо, намояндагони оҷонсиҳои СММ - аъзои Гурӯҳҳои натиҷавии Барномаи қолабии СММ оид ба расонидани кумак барои рушд дар Тоҷикистон (UNDAF) ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунанда оид ба муаррифии натиҷаҳо, хулосаҳо ва тавсияҳои арзёбии ниҳоии Барномаи қолабии СММ оид ба расонидани кумак барои рушд дар Тоҷикистон барои солҳои 2016-2022 баргузор гардид.

Ҷаласаи панҷуми Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

26 июли соли 2021 дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи панҷуми Шӯрои миллии суботи молиявӣ (Шӯро) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Шӯро – Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо иштироки роҳбарони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ баргузор гардид.