Ҷаласаи панҷуми Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

26 июли соли 2021 дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи панҷуми Шӯрои миллии суботи молиявӣ (Шӯро) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Шӯро – Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо иштироки роҳбарони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ баргузор гардид.

Маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон» барои солҳои 2019-2020

.

Санаи 23 июли соли ҷорӣ бо роҳбарии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон, роҳбарияти Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот», масъулини Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳо дар толори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдо Маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмуни «Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон» барои солҳои 2019-2020 баргузор гардид.

Санҷиши омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳайати шахсии захираҳои сафарбарӣ ва иштирок дар гузашти низомии афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат

.

Соати чори субҳи имрӯз – 22-юми июли соли 2021 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳадафи санҷидани омодабошии ҷангии ҷузъу томҳо бори аввал дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон 100 ҳазор нафар афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва 130 ҳазор нафар афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ дар тамоми қаламрави мамлакат бо бонги хатар ҷамъ оварда шуда, омодабошии ҷангии онҳо санҷида шуд.