Навиди Вазорат



Маблағҳои грантӣ ба миқдори 9,6 миллион евро аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия барои дастгирии соҳибкорони соҳаи кишоварзӣ пешниҳод шудаанд.

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Имрӯз бо иштироки Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин ва Директори минтақавии Бонки Олмонии Рушди дар Осиёи Марказӣ Андреас Шнайдер маросими баимзорасонии Созишномаҳо оид ба интиқоли маблағҳо байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5 ташкилоти молиявии маҳаллии кишвар Бонки «Арванд», ТАҚХ «Финка», ТАҚХ «Ҳумо», ТАҚХ «Имон Интернешнл» ва ТМК «Оксус» баргузор гардид.

Барномаи маблағгузории занҷирҳои арзиш дар соҳаи кишоварзӣ тавассути гранти Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия ба маблағи 9,6 миллион евро дар доираи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия оид ба ҳамкории молиявӣ барои солҳои 2016-2017 татбиқ шуда, ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳадафи чоруми стратегии кишвар – саноаткунонии босуръат мутобиқ мебошад.

Ин барнома барои пешниҳод намудани қарзҳои дастрас ба корхонаҳои хурду миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба занҷирҳои арзиши кишоварзӣ муттаҳид шудаанд, равона карда шудааст.

 

 

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное