
Ифтитоҳи бинои Муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи Кӯшониён
7 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи Кӯшониён бинои Муассисаи таҳсилоти томактабиро мавриди истифода қарор доданд.
Ифтитоҳи Парки инноватсионии саноатию технологии шаҳри Левакант
7 ноябр зимни сафари корӣ ба вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи хотиравӣ Парки инноватсионии саноатию технологиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 34-уми Шурои байнидавлатӣ оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи илмию-техникӣ ва инноватсионии ИДМ
Рузҳои 6-7 ноябри соли 2024 дар шаҳри Остона, ҷаласаи 34-уми Шурои байнидавлатӣ оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи илмию-техникӣ ва инноватсионии ИДМ баргузор гардид, ки дар он ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо-аъзои Шуро Насриддинзода Рухшона Ҳикматулло иштирок намуд.